Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ бо мухолифони Сурия давраи гузорро баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 22 октябр мулоқот бо раҳбарони мухолифони Сурияро дар Лондон ба нақша гирифтааст. Ҳадафи мулоқот созмон додани конфронси сулҳи Сурия дар Женева арзёбӣ мешавад.

Дар конфронс роҳҳои ташкили ҳукумати давраи гузор дар Сурия ва поён бахшидан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Ҷон Керрӣ ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки бо вазирони даҳ кишваре, ки аз нируҳои мухолифони Сурия ҳимоят мекунанд, дар Лондон мулоқот анҷом диҳад.

Мухолифони аслии режими Сурия мегӯянд, танҳо ба шарте ба музокира менишинанд, ки агар дар поёни давраи гузор Башор Асад аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG