Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос дар Ватикан бо попи Рум мулоқот кард


Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос
Рӯзи панҷшанбе дар Ватикан Франсиск-попи Рум ва Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин бо ҳам мулоқот карданд.
Дар посух ба даъвати Маҳмуд Аббос дар бораи боздид аз сарзамини муқаддас попи Рум қавл дод, ки дар ояндаи наздик аз ин сарзамин боздид хоҳад кард.

Ҳамзамон Франсиск изҳори умед кард, ки боздиди вай як ҷо бо патриарх Варфолеми 1-усқуфи калисои Првослави Констанинопол анҷом бигирад.
Маҳмуд Аббос ба попи Рум тасвири сафолинеро ҳадя кард, ки рӯи он Вифлеем ва Библия наққошӣ шудаааст. Поп ба Маҳмуд Аббос худкореро ҳадя кард ва гуфт, умедвор аст ки бо ин худкор Маҳмуд Аббос созишномаи сулҳи миёни Иисроилу Фаластинро имзо кунад.
XS
SM
MD
LG