Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Маскав ширкати бародарони доғистонӣ Игор Исоев ва Алисҳабо Гаджиевро дар Бирюлёво бастанд ва акнун “дӯстона” мехоҳанд ҳади ақал онро тороҷ кунанд.

Кумитаи тафтишотиии Русия хабар дод, ки Орхан Зейналови боздоштшуда майхораву бадқаҳр ва “нобакор” будааст. Ин маълумоти бисёр ҷолиб дар бораи ин марди 30 сола аст, ки 10 сол дар Маскав зиндагӣ кардааст ва акнун дар наздики Маскав дар Каломна боздошт шудааст.

“Чашмони тезбин”-и раҳбарони вазорати корҳои дохилии Русия бо бозпурсии наздикони Зейналов ва хешовандони Егор Шербаков машғуланд ва гӯё аз талаву тороҷи маркази тиҷоратии “Бирюса” хабар надоранд. Онҳо ҳамчунин дар бораи одамоне, ки зери пои ҷавонони ғулпайкари созмонёфтаи Бирюлево лагадмол шуданд, ҳарфе ба забон намеоранд.

Сергей Собянин-шаҳрдори Маскав мегӯяд, ки ғорату тороҷ “роҳи раҳоӣ” аз вазъият нест ва сокинонро мутмаин месозад, ки “мақомоти ва пулис тарафдори сокинони Маскав мебошанд”. Мири шаҳри Маскав гӯё намедонад, ки дар Бирюлёво як шаҳрванди Узбакистонро ба қатл расонданд.

Ба ҷои пайдо кардани созмондиҳандагони воқеии нооромиҳо ва пешгирӣ аз нооромиҳои дигар мақомот ва ҳомиёни тартибот ба таври ҷиддӣ ба кори “муфид”-е машғул шудаанд. Садҳо нафар муфаттишонро ба по хезондаанд ва тамоми ҳуҷҷатҳои бозори Бирюлеворо тагу рӯ мекунанд. Ҷинояткорро меҷӯянд.
Геннадий Онишенкои “ҳозиру нозир” мубориза бо Литваву Голландияро зуд аз ёд бурд ва ҳанӯз рӯзи душанбе эълон кард, ки бозори Бирюлёворо барои вазъи “ғайрисанитарӣ” мебандад. Вале раиси Роспотребнадзор ба рақибони сахт сар ба сар зад. Кормандони пулис ҳамон рӯзи душанбе, яъне 14 октябр 1200 нафарро боздошт карданд. Рӯзи сешанбе ҷинояти 200 нафари онҳоро дар кортҳои муҳоҷираташон ошкор намуданд.

Гузашта аз ин 15 октябр худи Александр Бастрикин-раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба маҳали ғорату тороҷ ҳозир шуд. Шояд вай ҳам умедворие дошт, зеро гардиши молии ин бозор дар як сол ба як миллиард доллар мерасад. Владимир Маркин-намояндаи ин кумита эълон кард, ки “бозор дар давоми ду рӯз баста хоҳад шуд ва аз он ҳамаи молу коло берун бурда мешавад”.

Ин ширкати бародарони доғистонӣ Игор Исоев, ки дар гузашта Иброҳим Гаджиев ном доштааст ва Алисҳабо Гаджиев бо номи АО "Новые Черемушки"-ро акнун ҳади ақал “дӯстона” мехоҳанд тороҷ кунанд.

Баъд аз қаҳрмонии ҳамлаварон ба Бирюлёво ва ба шӯр овардани “миллатгароҳо” акнун душвор аст, ки пайомадҳои тороҷи ин тиҷоратро баҳо диҳанд. Кормандони ниҳодҳои интизомӣ муддабона “ҳосил”-и ин бозорро ҷамъоварӣ мекунанд. Машғулияти онҳо ҷолиб ба назар мерасад, гурӯҳе ҷои пурдаромадро ошкор мекунад ва гурӯҳи дигар ба он ҷо авбошонро мефиристад. Сипас “муборизони зидди ҷиноят” бо кӯмаки парвандаҳои ҷиноӣ амалиёти худро бар зидди тоҷирони осебпазири кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ оғоз мекунанд.

Тиҷорати бародарон Гаджиевҳо бидуни “пушту паноҳ” монд. Ҳомиёни онҳо дар Вазорати дохила ва дар Хадамоти федеролии амният мақомҳои худро тарк кардаанд. Александр Подолний-раиси пулиси ҳавзаи ҷануб низ бознишаста шуд.

Барои шаҳрдор Сергей Собянин ҳам соҳибкорону тоҷирони даврони Лужков бегонаанд. Аз ҳоло шаҳрдории Маскав эълон кардааст, ки дар ҷои бозор се маркази бузурги тиҷоратӣ сохта мешавад.

Ба ҷои мусоҳиба бо матбуот ва пайдо кардани шахси боэътимоди Владимир Путин бародарон Гаджиевҳо бояд аз наздикони ҳукумат касеро ҳамраиси ширкати худ мегирифтанд. Ин шахс метавонист ҳатто вазифаи харидорро барои ширкати "Новые Черемушки" бар уҳда бигирад.

Мумкин аст ҳоло роҳ ёфтан то ба Кремл низ мушкилро ҳал накунад. Телман Исмоилов замоне натавонист бозори Черкизовои худро наҷот диҳад. Танҳо талошҳои Рамзан Қодиров ва сармоягузориҳои зиёд дар Чеченистон сабаб шуд, ки ин миллиардер дубора ба Маскав баргардад. Вале вай барои ҳамеша бозори Черкизоворо аз даст дод.

Ҳоло дар Бирюлёво тақрибан 1500 мошин бо бори худ истодаанд. Меваву сабзавоти ин мошинҳо нобуд мешавад. Вале ихтиёриён дар минтақаҳои дигари Маскав муфаттишонро ҳамроҳӣ мекунанд. Бо рағбати зиёд нуқтаҳои савдоро тагурӯ мекунанд. Муҳоҷиронро меҷӯянд, қонуншиканиро ошкор мекунанд. Ва албатта акнун гунаҳгоронро меёбанд.

Пайомадҳои барҳам додани бозори Бирюлёво паси аз ду сол аз худ дарак хоҳад дод. Он вақт маълум хоҳад шуд, ки барандаи ин рафтор кӣ хоҳад буд.
Вале ҳоло мақомот сокинони ранҷдидаи Бирюлёворо қаноат медиҳанд ва мегӯянд, ки хушҳол шавед, Орхан Зейналови бадбахт боздошт шудааст. Ба муборизони зиддимуҳоҷират дигар чӣ ҳам мегуфтанд. Онҳо ҷавонакҳои маҳалларо ба гурӯҳҳои ихтиёрии тартибот ҳамроҳ мекунанд ва мегӯянд, ки “аҷнабиён”-ро шикор кунед ва ба наздашон оред.

Ба чапдастони ҳукумат акнун суханрониҳои баъзе сисёсатмадорон дар бораи “аҷнабиёни бефарҳанг”, лофу газофи сиёсатмадорон дар бораи наҷоти миллати рус ва дархостҳо дар бораи ҷорӣ кардани раводид баҳонаи хубе хоҳад шуд. Ҳукуматдорон бояд аввал мардуми худро ба гурӯҳҳо тақсим кунанд, сипас лаҷоми онҳоро ба даст бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG