Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо ҳазор амрикоӣ ба кор баргаштанд


Пас аз ду ҳафта рухсатии бемузд, садҳо ҳазор нафар аз кормандони ниҳодҳои давлатии Иёлоти Муттаҳида ба сари корашон баргаштанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико шоми чаҳоршанбе санадеро имзо кард, ки хатари варшикастагии молии ҳукуматро рафъ намуд ва ҳам иҷоза дод, кори ниҳодҳои ҳукуматӣ, пас аз таваққуфи 16-рӯза аз сар гирифта шавад. Санади мазкур баъди муддати кӯтоҳе аз он имзо шуд, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико ба раҳбарии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Сенати ба раҳбарии Ҳизби Демократ сари он ба мувофиқа расиданд. Вакилони Амрико то ҳамин рӯз фурсат доштанд, ки қарор дар бораи маблағгузории кори ҳукумат ва боло бурдани сақфи қарзи давлатии Амрикоро қабул кунанд, дар акси ҳол мумкин буд, ҳукумати Амрико муфлис ва ё варшикаста шавад.
XS
SM
MD
LG