Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Замони боздошти Орҳан Зайналовро тамдид карданд


Додгоҳе дар Маскав амр дод, Орҳан Зайналов, фарди муттаҳам ба қатли ҷавони рус то рӯзи 10 декабр дар боздошт нигаҳ дошта шавад. Орҳан Зайналовро ба қатли Егор Шербаков муттаҳам мекунанд, ки ин куштор сабаби ошӯбҳои хушунатомез алайҳи муҳоҷирон дар Маскав шуд. Орҳан Зайналов дар додгоҳ гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ҷавони русро ӯ накуштааст. Қаблан ӯ гӯё эътироф карда буд, ки рӯзи 10 октябр барои дифоъ аз худ Егор Шербаковро корд задааст. Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе рафтори дурушти маъмурони интизомӣ бо Орҳан Зайналов ва амалкарди матбуоти Русияро интиқод кард, ки ӯро қабл аз муҳокима ҷинояткор эълон кардаанд
XS
SM
MD
LG