Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия як ангезандаи нави ВИЧ-ро ошкор кардаанд


Донишмандони Русия мегӯянд, як ангезандаи нави вируси HIV ва ё норасоии масунияти баданро ошкор кардаанд, ки бо “суръати баланде” паҳн мешавад. Пажӯҳишгарони шаҳри Колтсово дар вилояти Новосибирск рӯзи чаҳоршанбе бо нашри баёнияе гуфтанд, ангезандаи нокомили вируси норасоии масунияти бадан бо номи 02_AG/A-ро бори аввал соли 2006 дар Новосибирск ошкор карданд ва ҳоло нисфе аз мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан ҳамин ангезандаро доранд. Наталия Гашникова, мудири бахши вирусшиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи биотехнологии шаҳри Колтсово гуфт, ангезандаи нав, шояд бадтарин навъи вируси HIV дар Русия бошад. Ин навъи ангезандаро ҳамчунин дар Чеченистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ пайдо кардаанд. Ба гуфтаи донишмандони рус, ин ангезанда ба таври комил шиносоӣ нашудааст ва онҳо пули кофӣ барои идомаи таҳқиқи он надоранд.
XS
SM
MD
LG