Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрикову Аврупо тарҳи Эронро ситоиш карданд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо аз тарҳи Эрон дар музокироти ҳастаӣ дар шаҳри Женева ситоиш карданд. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, мақомоти кишвараш, тарҳи Эронро “бисёр муфид” дарёфтанд ва афзуд, ки пешниҳодҳои Эрон “ҷиддият ва моҳияти нав" доштанд. Айни замон Ҷей Карнӣ гуфт, ки дар музокирот “пешрафти азиме” нашудааст ва Амрико ҳанӯз ҳам аз Эрон мехоҳад, собит кунад, ки барномаҳои атомиаш сулҳомез ҳастанд ва ҳадафи кишвар сохтани бомби атомӣ нест. Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфтугӯҳо бо Эрон дар шаҳри Женеваро, дорои “моҳият” ва “бисёр муҳим” хонд. Қарор аст, музокироти баъдии раҳбарони баландпояи Эрон бо намояндагони 5 қудрати ҷаҳонӣ, Бритониёву Чин, Фаронсаву Амрико ва Олмону Русия рӯзи 7 ва 8 ноябр сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG