Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи нави имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон марҳалаи нави бақайдгирии аризаҳо барои гузаштан аз имтиҳони давлатӣ бо забони русиро оғоз мекунад. Тавре дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имтиҳони давлатӣ аз забони русӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва хоҳиши гирифтани иҷозатномаи корӣ дар Русияро доранд, гузаронида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро гиранд, метавонанд дар ин имтиҳон иштирок кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, имтиҳонҳо аз 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази илм ва фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, вале қабули ҳуҷҷатҳо то 4-уми ноябр давом мекунад. Ахиран ҳукумати Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забони русиро ҳатмӣ донист ва барои ин ҳар муҳоҷири меҳнатиро лозим аст, ки аз имтиҳони забони русӣ гузашта ҳуҷҷати онро бо худ ба Русия бубарад.
XS
SM
MD
LG