Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари варшикастагии молии Амрико рафъ шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико санадеро имзо кард, хатари варшикастагии молии ҳукуматро аз байн бурд ва кори ниҳодҳои ҳукуматиро аз сар гирифт. Санади мазкур баъди муддати кӯтоҳе аз он имзо шуд, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико ба раҳбарии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Сенати ба раҳбарии Ҳизби Демократ сари он ба мувофиқа расиданд. Баъди қабул нашудани тарҳи буҷа дар 16 рӯзи пеш нисфе аз сохторҳои давлатӣ аз кор монданд ва ҳукумати Амрико гуфтааст, ки кормандони ин ниҳодҳо бояд аз рӯзи панҷшанбе аз рухсатии бемузд сари кор баргарданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба вакилони ҷумҳурихоҳ ва демократ, ки ихтилофи амиқи назар доранд, барои созишашон изҳори сипос кард ва гуфт, акнун фурсати он аст, ки боварии мардуми Амрикоро дигарбора ба даст оранд. Вакилони Амрико то рӯзи панҷшанбе фурсат доштанд, ки қарор дар бораи маблағгузории ҳукумат ва боло бурдани сақфи қарзи давлатии 16 триллиону 700 миллиардолларии Амрикоро қабул кунанд, дар акси ҳол мумкин буд, ҳукумати Амрико муфлис ва ё варшикаста шавад.
XS
SM
MD
LG