Пайвандҳои дастрасӣ

Нисфи ғуломони ҷаҳон дар Ҳинд будаанд


Бино ба як гузориши тоза, дар саросари ҷаҳон ҳоло тақрибан 30 миллион нафарро ғуломвор истифода мекунанд. Бар асоси ин гузориш, ин мардумро ба танфурӯши маҷбур мекунанд, аз субҳ то шом кор мефармоянд ва ё дар ивази қарз истисмор мекунанд ва баъзеҳо дар бардагӣ ба дунё меоянд. Дар Шохиси Байналмилалии Бардагӣ, ки Walk Free Foundation як созмони мубориза бо ғуломӣ нашр кард, омадааст, тақрибан нисфи ғуломони замони муосир дар Ҳинд ҳастанд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи ин созмон дар 162 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ғуломӣ вуҷуд дорад ва дар кишвар мумкин аст то 25 ҳазор нафарро бардавор истифода баранд. Ба гуфтаи муаллифони гузориш дар Чин 2 миллиону 900 ҳазор нафар бардагӣ мекунанд ва дар Покистон ҳам 2 миллиону 100 ҳазор нафар. Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, бештар аз ним миллион нафар мисли ғулом истисмор мешудааанд.
XS
SM
MD
LG