Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот барои ҷоизаҳои раиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) , ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, то 20-уми октябр идома хоҳад кард.

Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ки ҷонишини сардовари ин мусобиқот мебошад, 17-уми октябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (25 мард ва 12 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шудааст. Дар ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат аст, 7 гроссмейстер ё бузургустод, 7 устоди дараҷаи байналмилалӣ ва 8 устоди ФИДЕ иштирок доранд.”


Ба иттилои ҷаноби Юнусов дар даври панҷуми мусобиқот устоди байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки бо мӯҳраҳои сиёҳ бозӣ кард, бар гроссмейстери байналмилалӣ Павел Котсур аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот Ҷаҳонгир Воҳидов бо 4,5 имтиёз пешсафи ягона мебошад. Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Пётр Костенко аз Қазоқистон ва Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон, инчунин, устоди дараҷаи байналмилалӣ Кирилл Кудеринов аз Қазоқистон бо 4-имтиёзӣ дар ҷойҳои аз 2-юм то 4-ум қарор доранд.

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.

Панҷ нафари дигар 3,5-имтиёзӣ ба даст овардаанд, ки дар байни онҳо устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев (Тоҷикистон) низ ҳаст. Се шатранҷбози дигари тоҷик - Рашид Ҳусейнов, Соҳиб Ҷӯраев ва Амин Қобилов 3-имтиёзӣ гирифтаанд.
Дар байни занон гроссмейстер Нафиса Муъминова (Узбакистон) натиҷаи беҳтарин – аз 5 бозӣ 3 имтиёз ба даст овардааст. Дарвоқеъ, Нафиса имрӯз, 17-уми октябр дар даври 6-ум бо шатранҷбози тоҷик Ҷамшед Исоев рақобат мекунад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 3 нафар духтарон шомиланд. Устоди ФИДЕ Надежда Антонова 2 имтиёз, Марворид Насриддинзода 1,5 имтиёз ва Мутрибаи Илҳом 1 имтиёз доранд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф карда мешавад.

Ҷоизаҳои умумӣ: ҷойи 1-ум – 4000 доллар, ҷойи 2 -юм– 3000 доллар, ҷойи 3 –юм – 2000 доллар, ҷойи 4-ум – 1500 доллар, ҷойи 5-ум– 1000 доллар, ҷойи 6-ум – 900 доллар, ҷойи 7-ум – 800 доллар, ҷойи 8-ум – 700 доллар, ҷойи 9-ум – 600 доллар,ҷойи 10-ум – 500 доллар, ҷойи 11-ум – 400 доллар, ҷойи 12-ум – 300 доллар, ҷойи 13-ум – 300 доллар.

Ҷоизаҳои махсус барои занон: ҷойи 1-ум – 1500 доллар, ҷойи 2-юм – 1000 доллар, ҷойи 3-юм – 500 доллар, барои писарону духтарони то 20-сола:ҷойи 1-ум байни писарон – 1000 доллар, ҷойи 2-юм – 600 доллар, ҷойи 3-юм – 400 доллар, ҷойи 1-ум миёни духтарон – 800 доллар, барои собиқадорон: ҷойи 1-ум – 500 доллар, ҷойи 2 -юм – 200 доллар.

Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегирад. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.
XS
SM
MD
LG