Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон – мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қитъавии наврасон


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасонро эълон кард.

Мусобиқоти қитъавӣ байни футболбозони навраси синнашон то 14-сола соли 2014 дар Эрон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар мусобиқоти интихобӣ, ки аз 2-юм то 6-уми апрели соли равон дар Непал баргузор шуд, дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Футболбозони навраси тоҷик бар тимҳои Афғонистон (2:1) ва Бутан (15:0) пирӯз шуда, бозиро бо ҳамсолонашон аз Непал мусовӣ (1:1) анҷом доданд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Тимори Шарқӣ, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ иштирок хоҳанд кард. Дар сабқати ниҳоӣ 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG