Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғчаи бачаҳо ё доя? Кадомӣ арзонтар?


Мушкили пайдо кардани боғчаи хуби бачагона дар Тоҷикистон камтар аз пайдо кардани ҷойи кори серпул нест.

Ин аст, ки падару модарони ҷавон ба сад муассисаи кӯдакона сар мезананд, аз чандин нафар тавсия мегиранд, вале бо ин ҳам наметавонанд барои бачаҳои худ тарбиятгоҳи хуб пайдо кунанд, ки ҳам онҳоро хуб нигоҳубин кунад ва ҳам бо таълиму тарбия фаро бигирад. Боғчаҳои замонавӣ пули бисёр талаб мекунанд, боғчаҳои камхарҷ шароити хуби буду бош надоранд.

Нурия Афзалова, як модари ҷавон, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд кӯдакистони хусусиеро бо арзиши 150 доллар дар моҳ пайдо кард, вале ба зудӣ ноумед шуд. Нурия мегӯяд, ҳамагӣ пас аз 2 ҳафта писари 4 солаашро аз ин кӯдакистон пас гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, «ҳарчанд шароити амниятияш нисбат ба дигар боғчаҳо беҳтар буд, аммо дохили утоқҳо сард ва қолин танҳо дар байни утоқ густурда шудааст. Кӯдакон дар фарши сард роҳ мераванд. Ҳар субҳ писарамро бо гиря ба боғча мебурдам ва вақте кунҷкобӣ кардам ва пурсидам, ки маъмулан кӯдакҳоро бо чӣ роҳ ором мекунанд, гуфтанд аввал бо ширинӣ ва аммо агар нашуд бо сӯзандору метарсонанд. Хулоса ҳамагӣ пас аз ду ҳафта писарам аз баромадан ба берун метарсад ва ҳамчунин ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуд. Акнун як моҳ мешавад, ки ман бо табобати ӯ саргардонам.»

Нурия меафзояд , ӯ то ёфтани ин кӯдакистон шароити нигаҳдории кӯдаконро дар боғчаҳои дигар низ таҳқиқ кардааст. Ба гуфтаи Нурия, ҳарчанд ҳаққи моҳонаи аксари кӯдакистонҳои хусусӣ то 200 доллар будааст, аммо ғолибан хадамоти онҳо ҷавобгӯи талабот нест ва бархе ҳатто духтур надоранд. Ба нақли ин модари ҷавон, кӯдакистонҳо маъмулан ҳавлиҳои хусусиро иҷора гирифтаанд ва барои ҷалби кӯдакону рушди зеҳнии онҳо мутобиқ нестанд. Нурия мегӯяд, ба сабаби адами эътимод ба ин муассисаҳо, ӯ ду сол инҷониб наметавонад ба кор барояд.

Гулчеҳра Назриева, ҳам ки барои шомил кардани наберааш ба яке аз боғчаҳои соҳавӣ бештар аз ним сол навбат пойидааст, зоҳиран аз хадамоти он чандон розӣ нест. Ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, моҳона барои ин кӯдакистон 250 сомонӣ пардохт мекунад, вале ба таълиму нигоҳубинии хуби наберааш дар ин муассиса боварӣ надорад, зеро шумораи кӯдакон дар ин боғча аз меъёр зиёд будааст. Вай мегӯяд, «боғчаи таърифӣ гуфта набареамонрро бурдем, 3 рӯз пас ӯро табобат мекунем. Агар мураббияҳоро таъкид кунем, ки онҳоро хуб нигаҳбонӣ кунанд, хафа мешаванд. Гуфта буданд, ки хӯрду хӯрокаш нағз аст, вале ҳар субҳ боз мо ҳамроҳаш хӯрокашро низ мебарем. Мо ба хотири он, ки кӯдак муошират кардан бо кӯдакони дигарро омӯзад, ӯро ба кӯдакистон додем. Барои фарзанди духтарам ман маҷбур шудам, ки хонашин шаваму набераамро барвақттар аз боғча гирифта дар хона нигоҳубинӣ кунам.»

Онҳое, ки ҷойи кори хуб доранд ва намехоҳанд онро аз даст бидиҳанд, бо наёфтани боғча маҷбур мешаванд “момо” киро кунанд ва ними маоши худро ба онҳо бидиҳанд. Онҳое, ки ҷойи кори кампардохт доранд, хонанишинӣ бо бачаи хурдро аз кор авлотар медонанд. Аксаран шикоят мекунанд, ки агар бачаҳо як ҳафтаи пурра ба боғча бираванд, ҳатман ҳафтаи дуввум мариз мешаванд ва ду ҳафтаи дигар табобат мегиранд. Шароити боғчаҳо аз зовияи таъмини энержӣ аз хонаҳои мардуми маъмули зиёд фарқ намекунад. Танҳо боғчаҳое, ки генератори тавлидкунандаи барқ доранд, дар зимистон ҷон ба саломат мебаранд.

Ҳамидуллоҳ Фақиров
Ҳамидуллоҳ Фақиров
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, Ҳамидуллоҳ Фақиров, раҳбари нави Раёсати маорифи Душанбе мегӯяд, нисбат ба солҳои пеш шароити муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба маротиб беҳтар ва маблағгузории ин соҳа низ бештар шудааст. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Фақиров, бинобар афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани хоҳишмандон, кӯдакистонҳо тавони ғунҷоиши ҳамаи онҳоро надоранд ва аксаран аз меъёр бештар кӯдаконро фаро мегирад.

Ҳамидуллохон Фақиров ҳамчунин гуфт, «бо таваҷҷӯҳ ба ин мо дар нақша гирифтем, ки баъзе бинои кӯдакистонҳо, ки дар дигар сохторҳо буданд, аз нав чун боғча ба истифода бидиҳем. Яъне нақшаи зиёд кардани муасссиаҳои томактабӣ вуҷуд дорад ва бар замми ин раисиҷумҳур низ дар паёмашон гуфтанд, ки барои бунёди боғчаҳои хусусӣ ҳавасманд карданро зарур донистанд. Албатта сохтмони кӯдакистонҳои давлатӣ низ зарур аст, чунки аз ҷиҳати иҷтимоӣ барои табақаи камбизоат хеле муфидтар мебошад. Соли гузашта барои боғчаҳои буҷавӣ мо моҳона то 40 сомонӣ муайян карда будем. Албатта фаъолият ва шароити ин муассиҳо пайваста санҷида мешавад.»

Ҷаноби Фақиров, мегӯяд, ӯ ҷонибдори он нест, ки санҷишҳои муассисаҳои томактабӣ зуд- зуд анҷом шавад, зеро аксаран он натиҷаи баръакс медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 112 муассисаи томактабӣ фаъолият мебарад, ки 86-тои он давлатӣ будааст. Тибқи омори расмӣ, феълан танҳо 7 дарсади кӯдакон ба ин муассисаҳо фаро гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG