Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико ин кишварро аз варшикастагии молӣ нигоҳ дошт


Тед Круз-сенатори Амрико
Тед Круз-сенатори Амрико
Бино ба гузоришҳо, раҳбарони Сенати Амрико барои пешгирӣ аз варшикастагии қарзи ин кишвар ва дубора ба фаъолият шуруъ кардани ҳукумат ба тавофуқ расидаанд. Дар давоми 16 рӯзи моҳи октябр ҳукмати Амрико қисман аз фаъолият бозмонда буд.

Келлӣ Айотт-сенатори ҷумҳурихоҳон аз Нию Ҳамшаэр гуфт, ки ҷузъиёт дар бораи ин тавофуқотро Ҳаррӣ Рейд-раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Сенат ва Мич Мак Коннел-раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Ссенат эълон мекунанд.

Ба гуфтаи Айотт, барои ин тавофуқот аввал дар Маҷлиси Намояндагон рай медиҳанд, то фурсат барои тасвиби он зудтар фаро расад.

Баъд аз нашри гузоришҳо дар бораи тавофуқоти ба даст омада дар бораи қатъи варшикастагии қарз нархи саҳом дар бозорҳо, аз ҷумла дар Дов Ҷонс (Dow Jones) 200 нуқта боло рафт ва он 1,3 дарсадро ташкил медиҳад.

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ки тавофуқи ҳосилшуда имкон медиҳад, ки фаъолияти ҳукумат сармоягузорӣ шавад ва ҳадди болоии қарз аз 16,7 триллион доллар бигзарад.
XS
SM
MD
LG