Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав дуввумин ҷасади ғайрирусро пайдо карданд


Ҷасади як шаҳрванди Озарбойҷонро дар маҳаллаи Измайловои Маскав пайдо кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд аз зарби корд ҷон додааст. Дар давоми чанд рӯзи гузашта ин дуввумин ҷасади марди ғайри рус аст, ки дар Маскав пайдо мешавад. Пулиси Маскав гуфт, як рӯз пеш дар минтқаи Бирюлёво ҷасади як марди 51 солаи узбак пайдо шуд, ки бо чанд зарби корд кушта шудааст.

Рӯзи якшанбе минтақаи Бирюлёво ба маҳали тазоҳуроти эътирозии зидди муҳоҷирони кории хориҷӣ табдил ёфт ва эътирозгарон ба амборҳои меваву сабзиҷоти ин маҳал ҳамла бурданд.

Ин эътирозҳо баъд аз куштори Егор Шербаков-ҷавони 25 солаи руси сокини Маскав рух дод. Рӯзи сешанбе пулис як шаҳрванди ҷавони озариро ба эҳтимоли даст доштан дар ин куштор боздошт кард. Ҳоло бозори Бирюлёворо барои 90 рӯз бастаанд.
XS
SM
MD
LG