Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав намояндаи порламони маҳаллиро аз минбар поин партофтанд


Дар Маскав дар Шӯрои маҳаллии ноҳияи Пресненский Елена Ткач-намояндаи Шӯрои шаҳриро лату кӯб карданд. Бино ба хабари шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ҳодиса замоне рух додааст, ки масъалаи сохтмони як маркази тиҷоратиро баррасӣ мекарданд. Барои сохтмони ин марказ бояд дар гардишгоҳи хиёбони Козихин ду биноро хароб кунанд.

Дар лату кӯби намояндаи Шӯрои шаҳрӣ одамони ҷонибдори сохтмон ширкат кардаанд. Вайро аз минбар поён партофтаанд ва вай аз ҳуш рафтааст.
Елена Ткач сохтмончиёнро муттаҳам мекард, ки онҳо барои сохтмон ҳуҷҷатҳои дуруғин дуруст кардаанд.
XS
SM
MD
LG