Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон як вазири аёлатиро дар хонааш террор карданд


Исроруллоҳ Гандапур

Исроруллоҳ Гандапур

Дар як ҳамлаи маргталабона дар аёлати Хайбар Паштунхвоҳи Покистон Исроруллоҳ Гандапур-вазири адлияи аёлат дар дохили хонааш кушта шуд. Маргталаб чун меҳмон вориди хона шудааст ва дар ҳоле, ки одоби саломро бо вазир ба ҷо меовард камарбанди худро таркондааст. Маргталаб як ҷо бо ҷонибдорони вазир барои табрики иди Қурбон ба хонаи вазир омда буд. 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гандапур моҳи маи соли 2013 чун намояндаи мустақил узви порламон интихоб шуда буд ва баъдтар ба узвияти ҳизби Таҳрики Инсоф даромад. Раёсати ин ҳизбро Имрон Хон-крикетбози машҳури Покистон бар ӯҳда дорад. Ин ҳизб мухолифи ҳар гуна амалиёти ҷангӣ бар зидди Толибон аст ва хостори музокироти сулҳ бо онҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG