Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Амрико дубора ба кор сар мекунад


Бино бар хабарҳо аз Вашингтон, сарони сенати Амрико барои пешгирӣ аз дефолт ё варшикастагии қарзи Иёлоти Муттаҳида ба созиш расиданд ва пас аз 16 рӯзи қатъи кору рухсатии маҷбурӣ ҳукумати Амрико дубора ба кор сар мекунад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Келлӣ Айотте аз аёлати Ню Ҳампшир мегӯяд, ҷузъиёти созише, ки сарвари аксарияти демократи Сенат Ҳаррӣ Рейд ва раҳбари ҷумҳурихоҳи Сенат Митч Макконел то поёни чоршанбе эълон хоҳад шуд. Вай ҳамчунин афзуд, созиш нахуст дар Маҷлиси намояндагон ба овоз монда мешавад, то роҳи баъдинааш суръати бештар доштша бошад. Ин хабар дафъатан вазъи бозори бурсро дар Амрико тағйир дод.
XS
SM
MD
LG