Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолномаи Исмоил Талбаков


Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Аз соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон. Муовини раиси кумиссиюни иқтисодӣ-иҷтимоии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ. Соли 2006 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG