Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши шатранҷбозон барои Ҷоми Осиёи Миёна дар Душанбе


Павел Котсур аз Қазоқистон аз пешсафони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиёи Миёна мебошад.

Павел Котсур аз Қазоқистон аз пешсафони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиёи Миёна мебошад.

Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои Ҷоми Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, то 20-уми октябр идома хоҳад кард.

Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ки ҷонишини сардовари ин мусобиқот мебошад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (мардону занон) аз Қазоқистон (6 нафар), Қирғизистон (2 нафар), Тоҷикистон (18 нафар) ва Узбакистон (11 нафар) дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) баргузор шудааст. Ба ҷараёни баргузории ин мусобиқот Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Сардовари мусобиқот довари дараҷаи байналмилалӣ Хусан Турдиалиев аз Узбакистон мебошад. Мусобиқот аз 9 давр иборат аст. Бояд тазаккур дод, ки ин мусобиқот соли 2011 бо ибтикори раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов ташкил шудааст. Аввалин бор ин мусобиқот дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд. Соли гузашта Ҷоми Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон барпо гардид. Макони баргузории мусобиқоти севум пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд.»

Вале ба гуфтаи ҷаноби Юнусов шатранҷбозони Афғонистону Туркманистон ба иллати мушкилот дар гирифтани раводид ба Душанбе омада натавонистанд.
Маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф карда мешавад.

Ҷоизаҳои умумӣ: ҷойи 1-ум – 4000 доллар, ҷойи 2 -юм– 3000 доллар, ҷойи 3 –юм – 2000 доллар, ҷойи 4-ум – 1500 доллар, ҷойи 5-ум– 1000 доллар, ҷойи 6-ум – 900 доллар, ҷойи 7-ум – 800 доллар, ҷойи 8-ум – 700 доллар, ҷойи 9-ум – 600 доллар,ҷойи 10-ум – 500 доллар, ҷойи 11-ум – 400 доллар, ҷойи 12-ум – 300 доллар, ҷойи 13-ум – 300 доллар.

Ҷоизаҳои махсус барои занон: ҷойи 1-ум – 1500 доллар, ҷойи 2-юм – 1000 доллар, ҷойи 3-юм – 500 доллар, барои писарону духтарони то 20-сола:ҷойи 1-ум байни писарон – 1000 доллар, ҷойи 2-юм – 600 доллар, ҷойи 3-юм – 400 доллар, ҷойи 1-ум миёни духтарон – 800 доллар, барои собиқадорон: ҷойи 1-ум – 500 доллар, ҷойи 2 -юм – 200 доллар.

Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегирад. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот гроссмейстери байналмилалӣ Павел Котсур аз Қазоқистон ва устоди байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз шаҳри Самарқанди Узбакистон бо 3,5-имтиёзӣ пешсафанд.

Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Фаррух Амонатов (Тоҷикистон), Марат Ҷумъаев (Узбакистон), Пётр Косенко (Қазоқистон), Нафиса Муъминова (Узбакистон) ва устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев (Тоҷикистон) 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG