Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вазири хориҷии Украина бо Эмомалӣ Раҳмон


Президенти Тоҷикистон раиси амалкунандаи САҲА, вазири корхои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба "Озодӣ" Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод. Леонид Кожара, раиси амалкунандаи САҲА, вазири корхои хориҷии Украина субҳи имрӯз барои сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Дар нимаи аввали рӯз вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳон Зарифӣ бо Леонид Кожара доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти САҲА, аз қабили муқовимат бо чолиш ва хатарҳои нав ба амну субот ва роҳу усулҳои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии моҳияти Созмон табодули назар карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина Барономаи ҳамкорӣ байни вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Украинаро барои солҳои 2014-2015 ба имзо расонданд.
XS
SM
MD
LG