Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳокими Лугарро таркиши Қуръон куштааст


Хадамоти амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, маводи таркандае, ки сабаби ҳалокати ҳокими вилояти Лугар, Арсало Ҷамол шуд, дар даруни китоби Қуръон гузошта шуда буд. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, таҳқиқ нишон додааст, ки китоб дар назди Ҷамол, ки дар масҷид ба муносибати Иди Қурбон паём медод, мунфаҷир гаштааст. Хадамот мегӯяд, дар пайи рӯшан кардани ин аст, ки чӣ гуна маводи тарканда ба дохили масҷид интиқол дода шудааст. Масъулияти ин таркишро, ки ҳамчунин 15 захмӣ ба ҷой гузошт, касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG