Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати президентӣ ва холигоҳ дар кобинаи Карзай


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Парлумони Афғонистон гуфтааст, ки бо дарназардошти поёни соли молӣ ва татбиқи комили барномаҳои вазоратхонаҳо, ҳукумат бояд ҳар чӣ зудтар номзадҳо барои курсии чанд вазоратро барои касби раъйи эътимод, муаррифӣ кунад.

Ин дархост дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран ҳудуди понздаҳ тан аз мақомоти ниҳодҳои мухталифи давлатии ин кишвар барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз мақомҳояшон истеъфо додаанд.

Солеҳ Муҳаммад Салҷуқӣ, муовини дувуми раиси парлумони Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай хост, ки ҳафтаи оянда афроди навро барои касби раъйи эътимод ба парлумон муаррифӣ кунад: "Бояд ҳар чи зудтар ва бидуни зоеъ шудани вақт, афрод ва шахсиятҳои воҷиди шароит муаррифӣ шаванд. Интизор дорем, ки дар ҳафтаи оянда ин афрод аз ҷониби раиси ҷумҳури Афғонистон ба парлумон муаррифӣ шаванд."

Оқои Салҷуқӣ муаррифии ҳар чӣ зудтари ин афрод барои посухгӯи ба парлумон дар робита ба харҷи будҷаи соли ҷории вазоратхонаҳоро муҳим донистааст.
Ҳудуди ду ҳафта қабл Зулмай Расул, вазири умури хориҷӣ, Анварулҳаққ Аҳадӣ, вазири тиҷорат, Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержӣ ва об, Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ, вазири маодин ва нафт ва Ҳидоят Амин Арсало, вазири аршад аз мақомҳои ҳукуматиашон ба ҳадафи иштирок да муборизаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, истеъфо доданд. Инчунин шуморе аз вакилони мардумӣ дар парлумон, ду ҳокими вилоят ва бархе аз кормандони идораҳои давлатӣ низ ба ҳамин ҳадаф аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Аммо то кунун дафтари раёсати ҷумҳури Афғолнистон дар бораи тақозои парлумон дар мавриди муаррифии номзадҳо ба мақомҳои давлатӣ вокунише нишон надодааст. Аммо ахиран Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури ин кишвар дар як нишаст дар Кобул гуфт, ки дар ояндаи наздик барои курсиҳои холишуда номзадҳоро пешниҳод мекунад. Ӯ номзадии вузаро ва дигар мақомоти давлатиро дар интихобот, ҳаққи қонунии онҳо унвон кард: "Ҳаққи шаҳрвандӣ ва қонунии вазирон буд, ки мисли ҳар як шаҳрванди дигари кишвар ба муборизаҳои интихоботӣ бипайванданд ва худро номзад кунанд. Курсии онҳо барои ҳукумат бисёр муҳим мебошад, бояд ҳар чи зудтар масъулини худро пайдо кунад ва ба зудӣ ин корро хоҳам кард."

То охирин рӯзи сабти номи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон, 27 тан ба шумули шуморе аз вазирони пешин, раҳбарони ҷиҳодии собиқ ва технократҳо, худро дар Комиссияи мустиқили интихоботи Афғонистон сабти ном карданд. Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар авоили моҳи апрели соли оянда баргузор мешавад. Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Залмай Расул, Абдураб Расули Сайёф ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз номзадҳои аслӣ ва матраҳи ин сабқат ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG