Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кордкашии ноболиғон дар Душанбе рӯзи иди Қурбон


Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ки рӯзи иди Қурбон дар кӯчаи Шамсии пойтахт дар натиҷаи муноқиша ду гурӯҳ аз ҷавонон, як нафар маҷруҳ шуда, ки ҳамакнун бистари шудааст. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ рӯзи 16-уми октябр иттилоъ дод, ки рӯзи сешанбе ҳангоми идгардак миёни ду гуруҳи наврасон дар кӯчаи Шамсӣ муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа онҳо ба латтукуби якдигар оғоз мекунанд. Ин гуруҳи наврасҳо Саид Қурбонов, Ҷамшед Азизов, Азамати Идибек, Меҳроҷ Ҳалимов ва Тоҳири Ҳасан, бо гуруҳи дигари ҷавонон Диловар Шарифов, Ҳабибулло Қаландарзода, Отабек Ҳамдамов ва Никита Кувшид дар назди маркази савдои «Саодат»и маҳаллаи 82-и пойтахт, якдигарро лату кӯб намудаанд. Дар ин лаҳзаи латтукуб Диловар Шарифов бо корд дар бадани ноболиғ Қурбонов Саид чанд зарба мезанад, ки ба итилои Вазорати корҳои дохила, дар беморхона бистарӣ шудааст. Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Сино наврасони ҳарду гурӯҳро боздошт намуда, барои амали авбошӣ парванда боз кардааст.
XS
SM
MD
LG