Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон


Дар бинои маҷмааи «Пойтахт»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо интихобкунандагон, баргузор шуд. Абдуманон Додое, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соати 10-и имрӯз мулоқоти 5 номзад ба курсии президентӣ ва шахси боэътимоди номзад Эмомалӣ Раҳмондар бинои Пойтахт бо интихобкунандагон сурат гирифт. Дар ин мулоқот раиси КМИР Шермуҳамади Шоҳиён низ ширкат дорад. Дар назар аст соати 14:00 номзадҳо бо интихобкунандагони ноҳияи Шоҳмансур дар бинои «Иттифоқҳои касаба» вохӯрӣ намуда, ба суолҳои раъйдиҳандагон посух диҳанд. Ҳамин тавр КМИР мулоқоти номзадҳоро дар ҳамаи навоҳии пойтахт баргузор хоҳад кард. Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми нояби соли ҷорӣ баргузор мешавад ва барои ширкат дар он шаш номзад сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG