Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии боз як муштзани тоҷик дар даври аввали мусобиқоти ҷаҳонӣ


Шавкатҷон Раҳимов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон дар даври аввал бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) пирӯз шуд.

Дар ин мусобиқот 576 варзишгар аз 118 кишвар ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 муштзан дохиланд.

Шавкатҷон Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 64 кг дар даври дувум бо Бранимир Станкович аз Сербия вориди рақобат мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахуст муштзани тоҷик Шаҳриёр Аҳмадов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуд ва дар даври дувум рӯзи 18-уми октябр бо Винсензо Рикарди аз Италия қувваозмоӣ хоҳад кард. Вале дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Рӯзи 17-уми октябр Ораз Афзалшоев дар вазни то 56 кг дар даври аввал бо Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Рӯзи 19-уми октябр ду варзишгари тоҷик ба сабқат шурӯъ менамоянд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) – Ҷоветти Ҷиан (Ҷазоири Сейшел) мубориза мебарад. Инчунин Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг дар нахустин қувваозмоияш бо Кумар Сатиш (Ҳиндустон) рақобат мекунад.

Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод аст, дар даври дувум рӯзи 20-уми октябр дар вазни то 60 кг бо ғолиби ҷуфти Майкл Александер (Тринидад ва Тобаго) – Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG