Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз Толибон хост, ҷангро бас кунанд


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, зимни суханронӣ ба муносибати Иди Қурбон дигарбора аз Толибон хост, ҷангро дар Афғонистон бас кунанд ва ба музокироти сулҳ пайванданд. Ҳомиди Карзай рӯзи сешанбе гуфт:
“Як бори дигар бар Толибон салом мекунам ва ба раҳбаронашон, ки ҷавонони азизи Афғонистонро ба куштан ва барбодӣ надиҳед. Бачаҳое, ки ба сафи Толибон меоянд, билохира фарзандони ин кишвар ҳастанд, боиси барбодии хонаҳояшон ва зиндагии худашон нашавед. Ва ҳам фарзандони далери ин хок, ки аз хоки худ дифоъ мекунанд, аз номуси миллии худ дифоъ мекунанд, аз иззати худ дифоъ мекунанд, боиси шаҳодат ва садама ба инҳо ҳам нашавед. “
Рӯзе пештар аз ин Мулло Умар, раҳбари Толибон бо нашри баёнияе аз ҳукумати Афғонистон хост, бо Амрико паймони амниятӣ набандад, дар акси ҳол онҳо ҷангро дар Афғонистон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG