Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои Амрикову Эрон бо ҳам гуфтугӯ кардаанд


Вазорати умури хориҷии Амрико таъйид кард, ки мақомоти баландпояи Эрону Иёлоти Муттаҳида дар ҳошияи музокироти ҳастаӣ дар Женева гуфтугӯи рӯ ба рӯ доштаанд. Мақомоти Амрико ин мулоқоти тақрибан як соатиро “судманд” тавсиф карданд. Дар ин мулоқот Венди Шерман, муовини вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ва Аббос Арақчӣ ҳамтои эронии ӯ ҳузур доштаанд. Аббос Арақчӣ қабл аз ин мулоқот гуфт, ки бо амрикоиҳо танҳо табодули назар хоҳанд кард. Ӯ ҳамчунин дар бораи музокироти ҳастаӣ дар шаҳри Женева гуфт: “Мо дигар ҳозир нестем дар торикӣ гом бардорем, ҳозир нестем дар ибҳом ҳаракат бикунем, ки дар оянда чӣ хоҳад шуд. Аз ҳамин алъон бояд ҳадаф рӯшан бошад, масир рӯшан бошад, замон мушаххас бошад, ҳар коре, ҳар иқдоме, ҳар гоме дар чӣ фосилаи замонӣ сурат мегиранд. Инҳо ҳама мушаххас дар ҷаласа тарҳ шуданд ва тавре арз кардам, ба ҳар ҳол истиқболе сурат гирифт."
Пештар аз ин Иттиҳодияи Аврупо низ гуфт, ки Эрон барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомиаш пешниҳоди “бисёр муфиде” кардааст. Дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон гурӯҳи мавсум бар 5+1-ро Кетрин Эштон масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо раҳбарӣ мекунад. Дар ин гурӯҳ, Амрикову Чин, Русияву Олмон, Бритониёву Фаронса шомиланд. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG