Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орхан Зайналов ба Маскав оварда шуд


Орхан Зайналов, як озарии гумонбар дар куштори куштори сокини минтақаи Бирюлово Егор Шербаков, тавассути чархбол ба Маскав оварда шуд. Ба гуфтаи полиси Маскав, ӯро имрӯз дар шаҳри Коломна боздошт карданд.

Кормандони нерӯҳои вижаи полис Орхан Зайналовро пеши вазири умури дохилӣ Владимир Колоколцев бурданд. Ӯ аз амалиёти боздошти Зайналов ситоиш кард ва гуфт, ки ҳама ширкатдорони амалиёт ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ хоҳанд шуд.

Куштори сокини Бирюлово боиси нооромиҳову хушунат дар Маскав шуд. Баъд аз даъвати сокинони Бирюлово барои ошкор кардани муҷрим нерӯҳои миллатгаро ба эътирозҳо ҳамроҳ шуда, ҳамла ба афроди ғайриславянӣ ва сӯзонидани мошину хароб кардани мағозаҳоро шурӯъ карданд. Дар ин ҳаводис 23 нафар, аз ҷумла, 8 корманди полис осеб диданд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Русия, кормандони полис рӯзи якшанбе дар Бирюлово 267 нафар, асосан муҳоҷирони кориро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG