Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, ба шарафи Иди Қурбон 153 маҳбусро афв кард. Миёни онҳо – собиқ вазири рушди иқтисодии Озарбойҷон Фарҳод Алиев низ ҳаст, ки соли 2007 бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ ва кӯмаки молиявӣ ба мухолифин барои даҳ сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Ба феҳристи авфшудагон бародари ӯ –раиси собиқи ширкати хусусии "Азпетрол" Рафиқ Алиев, ки барои нӯҳ сол маҳкум ба маҳбас шуда буд, низ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG