Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти собиқ вазири дифои Гурҷистон дар Фаронса


Собиқ вазири дифои Гурҷистон Давид Кезерашвилӣ дар Фаронса боздошт шудааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Гурҷистон Нино Нино Ҷоргобианӣ рӯзи сешанбе ин хабарро тайид кард ва гуфт, ки ҷузъиёти боздошт баъдтар ироа мешавад.

Моҳи феврали соли равон додгоҳи шаҳри Тифлис Давид Кезерашвилиро дар фасод айбдор ва дастури боздошти ӯро содир карда буд. Кезерашвилӣ аз афроди наздик ба раисиҷумҳури феълӣ Михаил Саакашвилӣ маҳсуб мешавад аз соли 2006 то соли 2008 вазири дифои Гурҷистон буд.

Баъд аз пирӯзии ҳизби “Рӯъёи гурҷи”-и нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ дар як соли пеш алайҳи мансабдорон аз ҳизби раисиҷумҳур Саакашвилӣ чанд парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

27 октбяр дар Гурҷистон интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Михаил Саакашвилӣ ҳаққи ширкат дар сабқат барои курсии президентиро надорад.
XS
SM
MD
LG