Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Филиппин боиси марги беш аз 30 кас шуд


Бар асари заминларзаи шадид дар манотиқи марказии Филиппин беш аз 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Маркази заминларзаи нерӯяш 7,2 дараҷаи Рихтер, ки рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваст, ҷазираи Бохол буд. Дар ин ҷазира дасти кам 16 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Шиддати заминларза дар ду ҷазираи дигар – Себу ва Сикихора низ қавӣ буд. Дар Себу, ки аз манотиқи дӯстдоштаи сайёҳон маҳсуб мешавад, 15 нафар дар дар Сикихора як кас ҷон бохтаанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки аз офати табиӣ ҳам ибодатгоҳҳои қадима ва ҳам биноҳои муосир осеб дидаанд. Бар асари ярч баъзе аз қитъаҳои роҳҳои мошингард хароб ё масдуд шудаанд.
XS
SM
MD
LG