Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Гунаҳкор фарзанди касе набошад, посух хоҳад дод"


Расули Амонуллоҳ.
Расули Амонуллоҳ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба садамаи писари раиси идораи роҳи оҳан мегӯяд, ки гунаҳкор новобаста аз онки фарзанди кадом шахси воломақом аст, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 17-уми октябр бо пахши як баёния дар сомонаи расмиаш ба навиштаҳои хабаргузориҳо ва расонаҳо дар мавриди садамаи пурсарусадои маргбори марбут ба Расули Амонуллоҳ, фарзанди раиси идораи роҳи оҳан посух дода, навишт, «расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ рухдода ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯё вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад».

Вазорат дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки "ҳодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад." Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила ба Озодӣ гуфт, "ин парванда ягон оҳанги сиёсӣ надорад ва новобаста ба онки гунаҳкор фарзанди кадом шахси воломақом аст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад."

М.Асадуллоев: Гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00
Линки мустақим


Ин баёнияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки муфаттишони парвандаи садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябр, ки се кушта ва се маҷруҳ ба ҷой гузошт, аз шарҳи ҷараёни тафтишот ба васоити ахбори умум худдорӣ мекунанд.

Аз ин қабл, вазири адлияи Тоҷикистон дар иртибот ба қазияи садамаи маргбор дар маркази Душанбе, ки ба Расули Амонуллоҳ, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон иртибот дорад, гуфт, ки "ин ҳодиса бояд аз рӯи адолат баррасӣ шавад". Рустам Менглиев рӯзи 17-уми октябр дар ҳошияи иҷлосияи парлумон ба хабарнигорон гуфт, ки ҳеҷ гуна гузаште бояд, дар ин қазия, сурат нагирад, ҳатто вай писари мансабдор ҳам бошад. Вале вазири адлия афзуд, ки "чун парванда дар дасти тафтишот аст ва ӯ ба он ошно нест, бинобар ин шарҳе дода наметавонад."

Ҷаноби Менглиев дар посух ба ин суол, ки Расул ба Олмон рафтааст ва қонун чӣ мегӯяд, посух дода гуфтааст, ки "агар қонун инро маҳдуд накунад, вай ҳақ дорад, ки аз он истифода кунад."

Ин дар ҳолест, ки манобеъи Озодӣ мегӯянд, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон баъди садамаи маргборе, ки се кушта ба ҷо гузошт, "барои табобати дасташ" ба Олмон рафтааст. Як намояндаи гурӯҳи тафтишоти садамаи маргбори шаби 8 ба 9 октябр, ки се нафарро кушта бар ҷой гузошт, ба Озодӣ гуфт, гумонбари асосӣ – Расули Амонуллоҳ - дар Олмон ба сар мебарад.

Манбаи Озодӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба шарти пинҳон доштани номаш сӯҳбат кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ «бо мақсади табобати дасташ» дар Олмон қарор дорад. Вай гуфт, волидони ин наврас «ваъда додаанд, ки бо сиҳат шудани захми дасташ фарзандашонро барои ширкат дар ҷараёни тафтишот ҳозир хоҳанд кард.»

Ин дар ҳолест, ки манобеъи мухталиф чанд рӯз боз ин мавзӯъро доман мезананд, ки бо гузашти наздики як ҳафта аз фоҷеаи маргбори се ҷавони тоҷик гумонбари аслӣ Расули Амонуллоҳ бедарак шудааст.

«Волидонаш мегӯянд, ки барои табобат ба Олмон бурда шудааст, аммо барои тафтишот сабаби аслӣ рӯшан нест, ки чаро Расули Амонуллоҳ дар Тоҷикистон неву дар Олмон аст,» - гуфт намояндаи тафтишот. Вай афзуд, бархе аз шоҳидони садамаи шаби 9 октябр ва мусофирони мошини «Жигулӣ» , ки дар беморхонаи Қараболо бистарӣ ҳастанд, аллакай пурсида шудаанд, аммо нафари асосӣ дар ин садама – ронандаи БМВ Расули Амонуллоҳ дар Тоҷикистон нест ва дар ҷараёни тафтишот ҳозир нашудааст.

Ин хабарро дар як сӯҳбати бидуни микрофон намояндаи дигари тафтишот аз вазорати умури дохилӣ ҳам тасдиқ кард. Ба иттилои манбаи дуюм, Расули Амонуллоҳ гӯё ҳамагӣ чанд соат баъд аз он садамаи ҳалокатбор Тоҷикистонро тарк кардааст. Ин дар ҳолест ки қаблан гуфта мешуд, ки Расули Амонуллоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист боздошт нашудааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Мошини БМВ-и ӯ, бино ба гузориши расмии Вазорати умури дохилӣ, соати дувуними шаби 9 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович, сокини кӯчаи Хӯҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ мебошанд.

Мавзӯи садамаи фоҷеаборе, ки боиси кушта шудани се ва ҷароҳат бардоштани се нафари дигар шудааст, яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Аксарият ин ҳодисаро маҳкум карда мегӯянд, ки сарфи назар аз он ки баъзе аз волидон намехоҳанд бо хонаводаи шахси бонуфуз бар сари марги фарзандашон вориди даъво шаванд, муттаҳам бояд дар баробари қонун ҷавоб диҳад. Тибқи баъзе иттилои дигари дарёфтӣ дар интернет, синну соли воқеии Расули Амонуллоҳ на 16, балки 18-сола гуфта мешавад.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, агар Расули Амонуллоҳ дар воқеъ на дар соли 1997, балки соли 1995 таваллуд шуда бошад, ӯ дигар ба сафи ноболиғон шомил намешавад ва ҳаққи рондани мошин ва ҳамин тавр, масъулияти ҷавобгарии пурра дар назди қонунро дорад. Яъне пурсиш аз ӯ бояд чун аз як шаҳрванди болиғ сурат бигирад, на аз як ноболиғ.

Вале тавре хабарнигорон мушоҳида мекунанд, ин паҳлуи масъала ки Расули Амонуллоҳ писаре яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, рӯз то рӯз мавзӯъро печидатар мекунад. Хабарнигорон мегӯянд, ки масъулин то рафт аз шарҳи ошкорои ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG