Пайвандҳои дастрасӣ

Русия раҳоии нохудои киштии зистмуҳитиро рад кард


Додгоҳи Русия раҳоии Питер Вилкокс-нохудои киштии 30 нафар фаъолони Greenpeace ё зистмуҳитиро дар ивази васиқа рад кард. Онҳо баъд аз эътироз бар зидди истихроҷи нафт дар обҳои Арктикаи Русия боздошт шуда буданд. Додгоҳи шаҳри бандарии Мурманск ҳукм кард, ки Питер Вилкокс-шаҳрванди Амрико бояд дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад, зеро вай метавонад ба ҷараёни расидагиҳо халал расонад ва ё ба ҷое паноҳ барад.

Ҳамаи боздоштшудагон дар боздоштгоҳи шаҳри Мурманс нигаҳдорӣ мешаванд. Додгоҳ ҳамчунин пардохти васиқа барои раҳоии як шаҳрванди Зеландияи Нав ва як шаҳрванди Аргентинаро рад кардааст.

Ба ин тартиб шумораи васиқаҳои рашуда ба 9 адад мерасад. Ҳамаи фаъолони зистмуҳитӣ барои роҳзанӣ муттаҳам дониста мешаванд ва метавонанд 15 солӣ маҳкум ба зиндон шаванд.
XS
SM
MD
LG