Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Женева нақши "Офаридаи Одам"-ро ба парда пӯшонданд


Нақши як марди лухтро, ки дар даромадгоҳи яке аз толорҳои Қасри Миллат дар Женева ҳак шудааст бо парда пӯшонданд. Дар ин толор музокироти кишварҳои 5 бар иловаи 1 бо Эрон идома дорад. Ин корро барои он кардаанд, ки ҳайати музокироти Эрон аз дидани он “хиҷолатзада” нашавад.

Дар ин бора рӯзномаи "Трибюн де Женев" хабар додааст. Ин нақш, ки “Офаридаи Одам” ном дорад, кори дасти Эрик Гилл-муҷассамасози бритонёист ва онро дар соли 1938 ҳукумати Британия ба Ҷомеаи Миллатҳо ё Лигаи Миллатҳо ҳадя карда буд. Ҳоло Лигаи Миллатҳо СММ ном гирифтааст.
XS
SM
MD
LG