Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз муҳоҷирони Осиёи Миёна ҳуҷҷатҳои нав мехоҳад


Константин Ромодановский

Константин Ромодановский

Хадамоти Муҳоҷирати Русия моҳҳои наздик пешниҳодҳои худро дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Миёна мушаххас мекунад.

Муҳоҷирони ин кишварҳо танҳо бо ҳамин ҳуҷҷатҳо метавонанд вориди қаламрави Русия шаванд. Дар ин бора Константин Ромодановский-раиси Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия дар мулоқоти мизи гирди Шӯрои Федератсия изҳори назар кардааст.

Вай гуфтааст, мушкили аслии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Миёна беинсофии кордиҳандагон дар ҳақи онҳо аст. Ба гуфтаи вай, “муҷозот барои қонуншиканӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳамвазн бо гуноҳи содиркардаашон бошад. Вале сабабгори аслии мушкиле, ки бо муҳоҷирон пеш меояд, беинсофии кордиҳандагон аст”.
Чунин эътирофот аз забони мақомоти расмии Русия хеле кам садо медиҳад ва Ромадановский ин суханонро дар мулоқоти мизи гирд изҳор доштааст, дар мулоқоте, ки мушкилоти равандҳои муҳоҷират баррасӣ шудааст.

Матбуоти Русия аз қавли Ромадановский навиштааст, ҷудо кардани ҷойҳои корӣ ба муҳоҷирони кории хориҷӣ ба воқеият дуруст намеояд ва ба муҳоҷирон корҳоеро бояд вогузор кард, ки дар он ҷо шаҳрвандони Русия кор намекунанд.
Ромадановский унс гирифтани муҳоҷирон ба шароити Русия ва донистани забони русиро кори муҳим медонад. Ба гуфтаи вай, нисфи муҳоҷирон забони русиро намедонанд ва он гоҳо сабаби муноқиша низ мешавад.

Ин мушкилро Ромадановский ба муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон иртибот додааст ва афзудааст, ҳоло дар Русия бештар аз 200 маркази омӯзиши забони русӣ вуҷуд дорад, ки бо муҳоҷирон кор мекунад.
Константин Ромадановский ҷонибдори ҷорӣ кардани раводид ё визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, вале мегӯяд, асноде, ки бо он вориди Русия мешаванд, бояд танзим шавад.
XS
SM
MD
LG