Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ва 5+1 барои гуфтугӯ омода мешаванд


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ мавсум ба гурӯҳи 5 бар изофаи 1 барои музокироти дурӯза дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишвар омода мешаванд. Музокирот рӯзи сешанбе шурӯъ мешавад ва аввалин гуфтугӯи ду тараф баъди ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аст. Рӯҳонӣ қавл додааст, ки баҳси барномаҳои ҳастаиро дар муддати 6 то 12 моҳ ҳал мекунад. Ҳукумати Эрон мехоҳад, кишварҳои ғарбӣ таҳримот алайҳи он кишварро лағв кунанд ва гуфтаст, ки омодаи музокироти ҷиддӣ аст. Аммо маълум нест, ки Эрон омодаи боздоштани ғанисозии ураниум ҳаст ё не. Қудратҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Эрон мехоҳад, бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Бритониёву Олмон 6 моҳ пеш дар шаҳри Алмаато бо Эрон дар бораи барномаҳои атомиаш музокирот доштанд, аммо натиҷае аз он ҳосил нашуд.
XS
SM
MD
LG