Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Мулло Умар дар остонаи Иди Қурбон


Мулло Умар, раҳбари Толибон, таҳдид кардааст, ки агар давлати Афғонистон паймони амниятӣ бо Амрикоро имзо кунад, ҷангро ҳамчунон идома хоҳанд дод. Мулло Умар рӯзи душанбе дар баёнияе гуфтааст, идомаи ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон баъди соли 2014 далеле барои идомаи ҷанг буда метавонад ва “оқибатҳои баде” хоҳад дошт. Ин паёми Мулло Умар дар арафаи Иди Қурбон аз тариқи имейл ба дасти расонаҳо расид. Амрикову Афғонистон ба имзои паймони амниятӣ наздик шудаанд, вале масоили умда, аз ҷумла масунияти сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашудаст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки қабл аз имзои ин санад аз вакилони Лоя Ҷирга машварат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG