Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Иқтисодии Нобел насиби се амрикоӣ шуд


Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодро, имрӯз барои пажӯҳишҳояш дар заминаи шинохти тамоюл дар бозорҳои саҳҳом ба се донишманди амрикоӣ, Еюҷин Фама, Ларс Питер Ҳансен ва Роберт Шиллер сазовор донистанд. Фама ва Ҳансен профессоронони Донишгоҳи Чикаго ва Роберт Шиллер аз Донишгоҳи Ейл дар Коннектикат аст. Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодро соли 1969 Бонки Марказии Шветсия ба хотири Алфред Нобел таъсис додааст ва то кунун онро 71 иқтисоддон аз кишварҳои гуногуни дунё соҳиб шудаанд. Худи Ҷоизаи Нобелро соҳибкори шветсиягӣ, Алфред Нобел соли 1895 таъсис додааст ва барандагони онро дар бахшҳои тиб, кимиё, физика, адабиёт ва сулҳ ҳар сол дар моҳи октябр эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG