Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав 1200 муҳоҷирро дастгир карданд


Пулиси Маскав рӯзи душанбе ҳудуди 1200 муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқозро дар як бозори чаканаи меваву сабзиҷот дастгир кардааст. Рӯзе пештар аз ин дар ноҳияи Бирюловои шаҳри Маскав мардуми маҳаллӣ ба зидди муҳоҷирон ошӯб бардоштанд, ки аз бадтарин ошӯб дар се соли ахир аст. Дар ин ошӯбҳо ва даргирӣ бо мақомоти пулис дар Бирюлово, 23 нафар аз ҷумла 8 афсари пулис маҷрӯҳ шуданд. Маъмурони пулис гуфтанд, аз мошине дар ин бозори чаканафурӯшӣ 93 ҳазор доллар, теғу калтак ва се туфанг ёфтаанд. Муноқиша рӯзи якшанбе ва баъди қатли як ҷавони рус сар зад, ки гуфта мешавад, ӯро марди қафқозие куштааст. Маъмурони пулис ҳангоми ошӯб 400 нафарро дастгир карданд ва аксарияти онҳоро баъд аз чанд соат озод намуаанд. Ду боздоштшударо ба авбошӣ муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG