Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лагард аз хатари бӯҳрони молии Амрико ҳушдор дод


Мудири Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, дар сурати боло набурдани сақфи қарзи давлатии Амрико, мумкин аст, “халали бузурге” дар иқтисоди ҷаҳонӣ эҷод хоҳад шуд. Кристин Лагард дар ин бора рӯзи якшанбе дар мусоҳибае бо як телевизиони Амрико сухан гуфт. Ӯ дар замоне сӯҳбат мекард, ки вакилони сенати Амрико доир ба хотима додан ба ин бӯҳрони молӣ гуфтугӯ доштанд. Ҳарри Рейд, раҳбари ҷиноҳи аксарият дар сенат масъалаи боло бурдани сақфи қарзро бо Митч Макконел, раҳбари ҷумҳурихоҳон баҳс кард ва ин баҳсро “босамар” хонд. Дар пайи ин Митч Макконел аз демократҳо хост, тарҳи муштаракеро бипазиранд, ки қабули тарҳи буҷа ва боло бурдани сақфи қарзи Амрикоро дар назар дорад. Бинобар қабул нашудани тарҳи буҷа, бештар аз 2 ҳафта аст, ки нисфе аз ниҳодҳои ҳукуматии Амрико кор намекунанд ва сақфи қарз бояд то рӯзи панҷшанбе боло бурда шавад. Чин, ки қарздиҳандаи аслӣ ба Амрико хост, хост, аз ин “бунбасти вайронгар” берун шаванд ва гуфт, ки ҳоло фурсати он расидааст, ки ба пойбандии ҷаҳон ба Амрико хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG