Пайвандҳои дастрасӣ

Корзори таблиғотии 6 номзад 16 октябр шурӯъ мешавад


Абдуманон Додоев

Абдуманон Додоев

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) мегӯяд, 6 номзад ба мақоми президентӣ метавонанд аз 16 то 31 октябр бо интихобкунандагон мулоқотҳои муштарак анҷом диҳанд. Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷадвали мулоқотҳо ва баҳсҳои телевизионии номзадҳо имрӯз тасдиқ мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, дар 41 шаҳру навоҳӣ шаш номзад бо интихобокунандагон мулоқот хоҳанд кард ва ҳамчунин дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ барои довталабон 30 дақиқа ва барои шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа ҷудо шудааст. Дар нашрияву рӯзномаҳо бошад барои номзадҳо 10 саҳифаи чопӣ бо шрифти 14 ихтисос дода мешавад. Абдуманон Додоев афзуд, ин ба он маъно нест, ки номзадҳо танҳо бо ҷадвали КМИРТ маҳдуд шаванд.
Барои таблиғи ҳар номзад аз сӯи КМИРТ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонад аз ҳисоби худ дар интихобот то 200 ҳазор сомонӣ харҷ кунанд.
Дар интихоботи рӯзи 6 ноябри президентии Тоҷикистон 6 номзад ширкат мекунанд. Номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназаварова, ки рақиби умдаи Эмомалӣ Раҳмон хонда мешуд, рӯзи ҷумъа аз идомаи мубориза даст кашид.
XS
SM
MD
LG