Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи Тоҷикистон – дар Бишкек


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо тими миллии Қирғизистон ба Бишкек омад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов барпо мегардад. Бозӣ соати 16 ба вақти Бишкек ва соати 15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар, ба ҳайати тими миллӣ 19 футболбозро шомил кардааст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);
ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов («Реван», Озарбойҷон), Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург), Далер Тухтасунов («Равшан»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳама - «Истиқлол»);

нимҳимоятгарон: Илҳом Баротов («Истаравшан»), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама - «Истиқлол»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду - «Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG