Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушқадам Хусравов қаҳрамони ҷаҳон миёни навҷавонон


Боз як паҳлавони тоҷик - Хушқадам Хусравов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни навҷавонон дар шаҳри Салоникии Юнон медали тилло ба даст овард.

Хушқадам Хусравов дар рақобатҳо дар вазни то 57 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нурсултон Ортиқбойуулу (Қирғизистон) ғолиб омад. Нурсултон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Абдулқодир Адуков (Русия) ва Торнике Музашвили (Гурҷистон) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, пеш аз ин паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқот байни навҷавонон медали тилло ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Теймураз Хачидзе аз Гурҷистон пирӯз шуд. Ба Теймураз медали нуқра супурда шуд. Александр Дарилл (Молдова) ва Давид Оганисян (Русия) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар рӯзи авали мусобиқот бошад, паҳлавони тоҷик Ҷомии Ҳасан дар сабқати наврасон дар вазни то 48 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Энхтаиван Гантогтох (Муғулистон) ғолиб шуд. Марат Неъматуллоев (Қазоқистон) ҷойи дувумро гирифт. Ҷомии Ҳасан ва Николае Фока (Молдова) ҷойҳои севумро азони худ карданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Суруш Каримов низ дар рақобатҳо миёни наврасон дар вазни то 75 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Михаил Водовсков (Русия) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Аполон Зурабиани (Гурҷистон) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Суруш Каримов ва Денис Павлюков (Украина) ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Ҳамин тариқ, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону навҷавонон дар Салоники 4 медал – 2 тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону навҷавонон дар Салоникии Юнон:

Наврасон
Вазни то 48 кг

1. Энхтаиван ГАНТОГТОХ (Муғулистон)
2. Марат НЕЪМАТУЛЛОЕВ (Қазоқистон)
3. Ҷомии ҲАСАН (Тоҷикистон) ва Николае ФОКА (Молдова)

Вазни то 52 кг
1. Баяраа АМАРТУВШИН (Муғулистон)
2. Иракли КУПАТАДЗЕ (Гурҷистон)
3. Владислав БУРДЗ (Беларус) ва Михаил ДОНКИЛЭ (Молдова)

Вазни то 56 кг
1. Фуад МАММАДОВ (Озарбойҷон)
2. Владимир АЛЕКСЕЕВ (Русия)
3. Олег ГАВРИЛЮК (Украина) ва Дмитрий КОНДРАТЕВ (Беларус)

Вазни то 60 кг
1. Гиорги МЕТРЕВЕЛИ (Гурҷистон)
2. Павел ТЕРЕХОВ (Русия)
3. Ойбек ОЙМАГАМБЕТОВ (Қазоқистон) ва Иван ХАРКОВ (Булғористон)
Вазни то 65 кг
1. Юсуфмурод ОТАМУРАДОВ (Туркманистон)
2. Рамазон ТАУБА (Қазоқистон)
3. Тоҳир АСРОРОВ (Узбакистон) ва Торнике ЧОВЕЛИДЗЕ (Гурҷистон)
Вазни то 70 кг
1. Саян ОНДАР (Русия)
2. Юлиан ПЯТИКОВСКИЙ (Молдова)
3. Роман БЕРЕЗНЯТСКИЙ (Беларус) ва Гига НОЗАДЗЕ (Гурҷистон)
Вазни то 75 кг
1. Михаил ВОДОВСКОВ (Русия)
2. Аполон ЗУРАБИАНИ (Гурҷистон)
3. Суруш КАРИМОВ (Тоҷикистон) ва Денис ПАВЛЮКОВ (Украина)
Вазни то 81 кг
1. Рустам ГЕРЕКОВ (Русия)
2. Адяхуу ПУРЭВСУРЭН (Муғулистон)
3. Давид ХАРЕБАВА (Украина) ва Иракли ГОГИЯ (Гурҷистон)
Вазни то 87 кг
1. Ниёз ИЛЁСОВ (Русия)
2. Никита АЗАРОВ (Қазоқистон)
3. Эдик ПЕТРОСЯН (Арманистон) ва Ҷони ЧИТАНАВА (Гурҷистон)
Вазни беш аз 87 кг
1. Сергей ЗВЕРЕВ (Украина)
2. Ассилбек ҶОНИБЕКОВ (Қазоқистон)
3. Жарко ЧУЛУМ (Сербия) ва Гиорги ЛАЗУАШВИЛИ (Гурҷистон)


Навҷавонон
Вазни то 48 кг
1. Иван ПАНЮХИН (Русия)
2. Ҷаҳонгир РАҲИМОВ (Узбакистон)
3. Баглан ИБРОҲИМ (Қазоқистон) ва Гиорги МЕЛКУАШВИЛИ (Гурҷистон)
Вазни то 52 кг
1. Артур ЗАГОРҶЯН (Русия)
2. Рустам ИСМОИЛОВ (Туркманистон)
3. Марян МЕЛНИЧУК (Украина) ва Григор МХИТАРЯН (Арманистон)
Вазни то 57 кг
1. Хушқадам ХУСРАВОВ (Тоҷикистон)
2. Нурсултон ОРТИҚБАЙ УУЛУ (Қирғизистон)
3. Абдулқодир АДУКОВ (Русия) ва Торнике МУЗАШВИЛИ (Гурҷистон)
Вазни 62 кг
1. Роман БУРДАЕВ (Русия)
2. Давлатҷон ҲАМРОЕВ (Узбакистон)
3. Павел ГЛАДКИХ (Беларус) ва Элеман ҚОСИМБОЕВ (Қирғизистон)
Вазни то 68 кг
1. Максим ИВАНОВ (Русия)
2. Артур ТЕ (Қирғизистон)
3. Вадим МИКУЛСКИЙ (Беларус) ва Парвиз ШУКУРОВ (Озарбойҷон)
Вазни то 74 кг
1. Ашот МАРТИРОСЯН (Булғористон)
2. Баянмунх ГАЯАДАМБА (Муғулистон)
3. Александру САНДУ (Молдова) ва Михеил МЕЗУРНИШВИЛИ (Гурҷистон)
Вазни то 82 кг
1. Ушанги МАРГИАНИ (Гурҷистон)
2. Геннадий ПРЕТТИВАТ (Молдова)
3. Ерассил КАЙИРБЕК (Қазоқистон) ва Арутюн МАНУКЯН (Русия)
Вазни то 90 кг
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон)
2. Теймураз ХАЧИДЗЕ (Гурҷистон)
3. Александру ДАРИЛЛ (Молдова) ва Давид ОГАНИСЯН (Русия)
Вазни то 100 кг
1. Дмитрий ТОРГАШОВ (Русия)
2. Торнике ОТИНАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Ория ПАНЭ (Руминия) ва Алексей АВДЕЕВ (Украина)
Вазни беш аз 100 кг
1. Эдгарт СМЕРЕКА (Русия)
2. Гуга КИБОРДЗАЛИДЗЕ (Гурҷистон)
3. Даваасурэн АЗЗАЙЯ (Муғулистон) ва Иван СТОЙКОВ (Булғористон)


Ҳисоби дастаӣ
Духтарони хурдсол
1. Русия — 52 имтиёз
2. Қазоқистон— 33
3. Беларус — 28

Наврасон
1. Русия — 38
2. Гурҷистон — 33
3. Қазоқистон — 25

Духтарони калонсол
1. Русия — 45
2. Украина — 31
3. Булғористон — 27
Навҷавонон
1. Русия — 51
2. Гурҷистон — 32
3. Тоҷикистон— 16
XS
SM
MD
LG