Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳхат ба Бозиҳои осиёӣ барои иншо дар бораи Мавзуна


Ёсуман Авазбекова (аз рост) ва Аҳмад Ёров (аз чап)

Ёсуман Авазбекова (аз рост) ва Аҳмад Ёров (аз чап)

Чорабиниҳои Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дар Душанбе бахшида ба Бозиҳои XVII осиёии соли 2014 дар Инҷони Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расиданд.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ба барномаи ин чорабиниҳо, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барпо гардиданд, озмуни хабарнигори навраси Бозиҳои осиёӣ (Asian Games Уouth reporter), викторинаи шавқовар (Fun Learn) ва дави хушҳолӣ (Fun Run) дохил буданд. Ин чорабиниҳоро Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Вазорати маорифи кишвар, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Ассотсиатсияи миллии журналистони риштаи варзиш баргузор кард.»

Дар маросими кушодашавии ин чорабиниҳо нахуст Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, дар бораи таърихи ин мактаби олии таълимӣ маълумот дод. Вай гуфт, «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 1971 таъсис ёфтааст. Он макони кадрҳои варзишист. Дар донишкадаи мо,
инчунин, қаҳрамонҳои олимпиву ҷаҳон, Аврупову Осиё, ба мисли бародарони қаиқрон Юрий ва Михаил Лобановҳо, панҷҳарбачии муосир Анатолий Старостин, камонвар Зебуннисо Рустамова, гурзандозҳо Андрей Абдувалиев ва Дилшод Назаров, гуштигирон Саидмуъмин Раҳимов ва Расул Боқиев, муштзанҳо Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов ва дигарон ба камол расидаанд.»

Баъдан Буён Ли, мудири кулли барномаи Бозиҳои осиёии ШОО, аз Кореяи Ҷанубӣ, Ҷереми Волкер, мудири шӯъбаи иттилооти ШОО, аз Бритониёи Кабир ва Абдул Наяф Сраҷ, мудири шӯъбаи молияи ШОО, аз Ҳиндустон суханронӣ карда, ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос намуданд. Мизбонон ба меҳмонон либосҳои миллии тоҷикӣ тӯҳфа карданд.

Ба ин чорабиниҳо, инчунин, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, ки донишҷӯи соли севуми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад, даъват шуда буд. Вай бо хонандагону донишҷӯён мулоқот намуда, ба суолҳои онҳо посух дод.

Дар озмуни хабарнигори наврас хонандагони макотиби таҳсилоти умумии Душанбе дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти варзишии Мавзуна Чориева» ба забони англисӣ иншо навиiтанд. Иншои навиштаи Ёсуман Авазбекова, хонандаи синфи 10 «А»-и мактаби миёнаи рақами 15-и Душанбе, аз ҷониби ҳакамон беҳтарин дониста шуд.

Саволҳои викторинаи шавқовар оид ба таърихи Бозиҳои осиёӣ ва намудҳои варзиш буданд. Дар ин озмун Аҳмад Ёров, хонандаи синфи 11 «Б»-и мактаби миёнаи рақами 21-и Душанбе ғолиб омад.



Дар бахши севуми ин чорабиниҳо - дави хушҳолӣ кӯдакону наврасони синнашон аз 10 то 17-сола ширкат карда, ба масофаҳои аз 400 то 800 метр давиданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин чорабиниҳо ширкат нумуданд, миннатдорӣ карда, ба мизбонони Бозиҳои осиёии Инҷон-2014 муваффақият ва барори кор хост.

Сипас ба 45 нафар беҳтаринҳо миёни кӯдакони маъюб, бачаҳои хурдсол, духтарону писарон медалу сертификатҳои Шӯрои олимпии Осиё ва соатҳо бо рамзи Бозиҳои осиёии Инҷон-2014 супурда шуданд.

Инчунин ғолибони озмунҳои хабарнигори наврас - Ёсуман Авазбекова ва викторинаи шавқовар – Аҳмад Ёров бо медалу сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд. Ба ғайр аз ин ҳарду бо даъвати Шӯрои олимпии Осиё ҳамроҳи ё падар ё модар ва ё устоди худ соли 2014 дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инҷони Кореяи Ҷанубӣ иштирок хоҳанд кард. Ёсуман Авазбекова нусхаи иншои навиштаашро ба Мавзуна Чориева тақдим намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG