Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба 6 номзади мақоми президентӣ, барои мулоқоти якҷоя бо интихобкунандагон, аз 16 то 31-уми октябр фурсат дод.

Абдуманон Додоев, раиси Дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз кормандони ин ниҳод ҷадвали мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагонро тасдиқ хоҳад кард ва тибқи он 6 номзад дар шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин ва тариқи телевизиону радио барои ба даст овардани раъйи мардум барномаҳои худро ташвиқ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, дар 41 шаҳру навоҳӣ шаш номзад бо интихобокунандагон мулоқот хоҳанд кард ва ҳамчунин дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ барои довталабон 30 дақиқа ва барои шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа ҷудо шудааст. Дар нашрияву рӯзномаҳо бошад барои номзадҳо 10 саҳифаи чопӣ бо шрифти 14 ихтисос дода мешавад.

Абдуманон Додоев афзуд, ин ба он маъно нест, ки номзадҳо танҳо маҳдуд ба ҷадвали КМИРТ бимонанад. Онҳо низ метавонанад барномаҳои мулоқоти худ бо мардумро мушаххас кунанд ва КМИРТ-ро дар ҷараёни гузошта, ба таври мустақилона бо раъйдиҳандагон вохӯрӣ намоянд.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё 30 дақиқа аз тариқи телевизион ва ҳамчунин имкониятҳои маҳдуди молӣ, барои ташвиқи номзадҳо кифоят мекунад?Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси КМИР мегӯяд, ки 30 дақиқа барои муаррифии барнома кифоя аст, агар номзад маҳорат дошта бошад, дар ҳамин муддат муҳтавои барномаашро дуруст ба самъи интихобкунанда расонда метавонад.

Дар интихоботи соли 2006 миқдори маблағе, ки барои номзадҳо ба мақоми президентӣ ҷудо шуд, қариб 1000 доллар буд, аммо дар интихоботи имсола барои ҳар яки онҳо 25 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва ба гуфтаи раиси КМИР, ҳизбҳои сиёсӣ метавонад аз имконоти молии худ то 200 ҳазор сомонӣ харҷ кунанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябр доир мешавад ва барои ширкат дар он 6 номзад сабти ном шудаанд. Номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназаваро, ки рақиби умдаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот ба ҳисоб мерафт, бинобар ҷамъ наовардани имзоҳо, аз сабқат берун монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG