Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаҳои хушунатбор дар Ироқ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба кормандони полис ва табибон иттилоъ додааст. Қаблан дар бораи кушта шудани фақат ҳашт нафар хабар дода мешуд.

Дар шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби Ироқ, бар асари таркиши чанд мошин дар бозор 8 кас кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Таркиши мошинҳо ва ҳамлаҳои интиҳорӣ рӯзи якшанбе дар бозор ва истгоҳи автобусҳои шаҳрҳои Ад-Дивания, Басра, Кут, Самарра, Мадайн ва Ал-Маҳмудия ҳам сурат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG