Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурхи Сурия 1500 нафарро ба ҷойҳои амн интиқол дод


Кумитаи Салиби Сурхи Сурия тайи ду рӯзи ахир тақрибан 1500 нафар аз сокинони мавзеи Модамият-аш-Шам, воқеъ дар канори Димишқро ба ҷойҳои амн интиқол дод. Нерӯҳои ҳукуматӣ чанд моҳ боз муҳосираи ин мавзеъро идома медиҳанд. Намояндаи Салиби Сурх Холид Эрксоуссӣ гуфт, ки бештари афроди кӯчонидашуда – занону кӯдаконанд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои миллии Сурия, ки ба Эътилофи миллии мухолифи ҳукумат шомил аст, аз сарпечияш барои ширкат дар конфаронси байнулмилалии Женева оид ба ҳалли низоъ дар Сурия хабар дод. Ин ниҳод ҳушдор дод, ки агар дигар аъзои Эътилофи Миллӣ дар конфаронс ширкат кунанд, аз эътилоф берун хоҳад шуд. Раиси Шӯрои миллӣ Ҷорҷ Сабра гуфт, ки онҳо то суқути режими Башор Асад ба ягон музокирот ҳамроҳ шуданӣ нестанд.

Дар ҳамин ҳол қарор аст Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷи ИМА, рӯзи душанбе дар Лондон масоили омодагӣ ба конфаронси Женеваро бо фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ баррасӣ кунад. Конфаронс бояд миёнаҳои моҳи ноябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG