Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як корхона дар Вйетнам боиси марги 12 кас шуд


Бар асари силсилаи таркишҳо дар як корхонаи бузурги маводи пиротехникӣ, воқеъ дар як маҷмааи низомӣ дар шимоли Вйетнам, дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба як манбаи низомӣ теъдоди қурбониёнро 20 нафар гуфтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, таркишҳо чанд соат идома карданд ва дуди сиёҳ ба осмон печида буд. Ба хадамоти оташнишонӣ муяссар шуд, ки оташро хомӯш кунанд, вале онҳо зери харобаҳои бино боқӣ мондани ҷасадҳои қурбониёнро байид намедонанд. Аксари сокинони маҳаллӣ баъд аз такони биноҳо аз таркишҳо манзилҳояшонро тарк намуданд.

Дар корхона барои низомиён ва маросимҳои расмӣ маводи пиротехникӣ тавлид мешуд.
XS
SM
MD
LG