Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ва Мишел бо Малола Юсуфзай сӯҳбат карданд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ҳамроҳ бо хонумаш Мишел Обама рӯзи шанбе дар Кохи Сафед бо духтараки покистонӣ, фаъоли мубориза барои таҳсили занон Малола Юсуфзай мулоқот карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кохи Сафед, онҳо ба Малола барои талошҳяош дар роҳи баробарҳуқуқии занони Покистон изҳори сипос карданд. Кохи Сафед гуфтааст, ки Амрико аз ҷасорати Малола ва бурдбории ӯ дар роҳи дифоъ аз ҳаққи духтарон барои таҳсил ва амалӣ гаштани орзуҳояшон истиқбол мекунад. Дар муроҷиати худ ба шарафи Рӯзи байнулмилалии духтаракҳо Барак Обама изҳор намуд, дар ҳама олам духтараконе ҳастанд, ки агар ба онҳо шонси интихоботи сарнавишти худро диҳем, рӯзи кишварҳои худашонро сарварӣ хоҳанд кард.

Малола Юсуфзай, ки соли гузашта мавриди ҳамлаи толибон қарор гирифта буд, чанде пеш ба дарёфти ҷоизаи ба номи Сахаров мушарарф шуд. Ӯ ҳамчунин яке аз номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел буд.
XS
SM
MD
LG